Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 15 сентябр Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP)  Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алберто Корреа Мендес барои кор дар мамлакат изҳори сипос намуда,  дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE