Мулоқоти солонаи ВКХ-и Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

Мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ

23 сентябри соли 2020 Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ширкат варзид.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷӣ пешбарии масъалаҳои марбут ба транзит ва нақлиёт, савдои байналмилалӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамгироии минтақавӣ, соддагардонии раванди савдо ва тағйироти иқлим дар давраи COVID-2019-ро ҳамчун авлавият номбар кард.

Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро ҳамчун платформаи муҳимми пешбурди масоили марбут ба об дар паҳнои LLDCs арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE