Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш 81,3 % иҷро шудааст

Даъвати тирамоҳии шаҳвандон ба сафи Артиши миллӣ ҷараён дошта, то ин муддат аз ин маъракаи сиёсӣ 15 рӯз сипари гардид. Бо гузашти беш аз 2 ҳафта  бештари шаҳру навоҳии мамлакат аз беҳтаринҳо шуда, натиҷаи даъватро дар сатҳи баланд ва пурра ба иҷро расониданд.  Нақша дар ҷумҳури 81,3 % иҷро шудааст.

ВМКБ 4 даъват аст, ки аз аввалинҳо шуда нақшаи даъватро дар рузҳои аввал иҷро мекунад. Гуфт Фаридун Маҳмадализода сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ш.Душанбе бошад иҷрои нақша 94%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 86%, вилояти Хатлон 80%, вилояти Суғд 74% иҷро гардидааст.

Беш аз 30-% шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои нақша гузориш доданд.

Ихтиёри ва пешсаф будани ҷавонон аз як тараф аз қавиирода будани онҳо дарак диҳад аз ҷониби дигар дар руҳияи ватандӯстона тарбия ёфтани онҳо дар муассисаҳои таълими ва оила мебошад.

Даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз муҳимтарин маъракахои сиёсӣ ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, он дар саросари кишвар аз аввали моҳи октиябр оғоз гардида то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Фирӯз Каримзода 

“Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE