Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин густариш меёбад

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкорӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Давлати Фаластин ёдовар шуда, хостори бештари ҳамкорӣ шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намуд, ки воқеан ҳам онҳо бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гиранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ин маҷмӯи  санадҳо созишномаҳое мебошанд, ки 7 -тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

«Боварӣ дорам, ки ташрифи Шумо дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманд миёни давлатҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Фаластин  саҳми арзанда мегузорад. Мо омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем»,- гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE