Дар Душанбе се мусобиқа оид ба таэквондои ҷаҳонӣ (WT) баргузор мешавад

Аз  24 то 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе се мусобиқа оид ба таэквондои ҷаҳонӣ (WT) баргузор мешавад. Давоми се рӯз дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо ВТФ байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-2005; Мусобиқаи кушоди Федератсияи таэквондо ВТФ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таэквондо ВТФ байни наврасони соли таваллудашон 2009-2013 бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Дар ин бора раиси Федератсияи таэквондо (ВТФ)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб  Қармишев  ба   АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Мусобиқа миёни ҷавонон аз рӯи се равия – керуги, пумсэ, даставӣ, мусобиқа миёни наврасон аз рӯи ду равия – керуги, пумсэ ва Мусобиқаи кушоди федератсия аз рӯи равияи керугӣ доир мегарданд.

Мақсад аз баргузор кардани мусобиқаҳо муайян кардани беҳтарин варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, хусусан намуди олимпии таэквондо мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *