Дар Тоҷикистон 39-ҳолати сироятёбӣ ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 14 сентябр 9088 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7853 (86,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 72 нафар фавтидаанд.
«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 112 нафар гумонбарон қарор дошта, 37 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *