Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб

Нимаи дуюми рӯзи 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хислатҳои деринаву писандидаи халқи тоҷик эҳтирому меҳрубонӣ ва пазироии хос ёдовар шуда, барои истиқболи гарм ва самимияти баланди мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки шаҳри Кӯлоб аз баракати соҳибистиқлолӣ, суботу оромии кишвар, азму талоши пайваста ва заҳмати ободгаронаи сокинонаш имрӯз ба як шаҳри зебову замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат беш аз як миллиарду 200 миллион сомонӣ равона намудааст.

Дар шаҳри Кӯлоб 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 406 миллион сомонӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида, ҳоло татбиқи 15 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то имрӯз азхудшуда 280 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба сармояи асосӣ дар ҳаҷми як миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, ба маблағи умумии беш аз якуним миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расонида шудаанд.

52 корхонаи саноатии нав бунёд гардида, фондҳои асосӣ ба маблағи зиёда аз якуним миллиард сомонӣ ба кор андохта шудаанд. Илова бар ин, барои сохтмони манзили истиқоматӣ 741 гектар замин ҷудо гардида, то ба имрӯз 640 гектари он ба 4800 оилаи эҳтиёҷманд тақсим карда дода шудааст.

Тибқи нақша ба ифтихори таҷлили ҷашни 30 – солагии  Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр ва деҳоти он бунёду азнавсозии 873 иншоот пешбинӣ шудааст, ки аз онҳо то имрӯз кори бунёду азнавсозии 391 иншоот анҷом ёфтааст.

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони он Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2020 – 2025 қабул намудааст, ки дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳри Кӯлоб дар майдони 309 гектар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таъсис дода шудааст, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаву коргоҳҳои дар ҳудуди он бунёдшаванда аз пардохти тамоми андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили ин минтақаро Сарвари давлат дар таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод карданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати беҳтар намудани вазъи боркашонӣ ва рафту омади одамон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд иҷро гардидаанд. Аз ҷумла роҳи Душанбе – Данғара – Кӯлоб таҷдид ва роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон бо ин, дар шаҳри Кӯлоб 110 километр роҳи мошингарди дохилишаҳрӣ пурра таъмиру таҷдид гардид.

Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, масъулин ҷиҳати дар моҳи марти соли 2020 оғоз намудани татбиқи лоиҳаи “Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб” вазифадор шуда буданд. Ҳоло лоиҳа таҳия шудаааст, ки барои татбиқи он 183 миллион сомонӣ равона мегардад.

Соли 2020 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 231 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Вобаста ба истифодаи нокифояи имкониятҳои таъмини рушди соҳа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дар самти истифодаи ҳар як ваҷаб замини корам, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди онҳо бо 12200 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 108 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб 70 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 7 беморхона ва 63 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ хизмат мерасонад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ 42 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 6 беморхона, 5 маркази саломатӣ, 31 бунгоҳи тиббӣ сохта, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва шароити муосир ба истифода супорида шудааст.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлоб дар оянда низ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватани аҷдодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати озоди тоҷикон дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.

Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони шаҳри Кӯлоб, намояндагони касбу кори гуногун бо изҳори хушию сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи Ватан андешаронӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *