Намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд

Аз 26 то 28 сентябр  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф меорандМеҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 26 сентябр аз ёдгориҳои бостонии «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва Хона музейи Камоли Хуҷандӣ боздид менамоянд.

Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон 27 сентябр  дар Душанбе  аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд. Сипас дар ин макон мизи мудаввар бо иштироки ҳайатҳои намондагони доираи илму адаб ва фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зери унвони “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” доир мегардад.

Инчунин дар ин рӯз меҳмонон аз «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дидан менамоянд.

Бояд зикр кард, ки муносибатҳои ду мамлакат бо шарофати талошҳои сарони ҳарду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 дар таърихи муносибатҳои мутақобила саҳифаи нав боз кард. Он ба муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, барои ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷамъшудаи миёни ҳарду давлат шароити мусоид фароҳам овард. Солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишномаҳои мутақобилан судманд ба имзо расида, ҳамкории дуҷониба рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат роҳандозӣ гардида, инчунин робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд. Инчунин аз 11 то 15 ноябри соли 2019  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.

Ҳамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.

Дар маҷмӯъ, таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ, хусусан рушди иқтисодиёт, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таъмини амният ва суботи минтақа дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, таҳкими марзҳои давлатӣ, ки ҳамзамон сарҳади  тамоми кишварҳои  ИДМ маҳсуб меёбад, нақши калидӣ мебозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *