Оғози музокироти сулҳ ва идомаи нооромиҳо дар Афғонистон

Ба иттилои расонаҳои маҳалӣ, дар ин рузҳои барои мардум ва ҳукумати Афғонистон муҳим дар вилоятҳои Қундуз, Каписо ва Лугар чанд ҳамла анҷом дода шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 14 низомии афғон дар ба қатл расонида шудаанд. Ҳабар дода мешавад ки дар паи ин ҳамлаҳо ҳамчунин чандин нафари дигар аз кормандони мақомоти полис захмӣ шуда, дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.  Сухангӯи устондории Қундӯз Исматуллоҳ Муродӣ хабар додааст, ки ҷангиёни гуруҳи Толибон ба посгоҳҳои низомиёни афғон дар маркази ин вилоят ҳамла карданд ва дар натиҷа панҷ низомӣ ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар захмӣ шуданд.  Тавре хабаргузории “Парстудей”аз қавли  сухангӯи полиси Каписо иттилоъ додааст, панҷ нафар аз нерӯҳои полис дар ҳамлаи Толибон дар ин вилоят кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин сухангӯи пулиси Лугар эълом кардааст, ки чаҳор низомии афғон дар паи ҳамлаи Толибон ба қатл расонида шудаанд.  Даргириҳои шадид миёни низомиёни афғон ва афроди гурӯҳи Толибон дар ҳоле идома дорад, ки давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар дар ҳоли музокираи сулҳ ҳастанд ва умедворанд, ки билохира ҷанг дар ин кишвар ба итмом расида саҳифаи наве бо номи сулҳ шуруъ хоҳад шуд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки ба ҳайати давлатӣ дар ин музокирот раҳбарӣ мекунад,  изҳор доштааст, ки мақомоти кишвараш баъди 42 соли мухолифатҳо мехоҳанд, саҳифаи ҷангро пӯшанду саҳифаи сулҳро боз намоянд. Ба таъкиди номбурда, Ҳукумати Афғонистон ва Толибон муштаракан масъулияти таъмини сулҳ дар кишварро ба дӯш доранд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳадафи музокиротро созишномаи доимӣ барои сулҳ унвон кардааст. “Имрӯз чун рӯзи хатми ҷанг дар хотирҳо сабт мешавад”, – гуфтааст Абдуллоҳ. Ӯ қотеияти ҳукумати Афғонистон ва толибонро барои таъмини сулҳ дар кишвар таъкид намудааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин гуфтааст, ки Толибон бар ивази раҳоии ҷангиёнашон аз зиндон эҳтимол гузаштҳои бештаре кунанд. Дар рӯзи оғози музокирот дар Давҳа ҳукумати Афғонистон ва ҳампаймонҳои ин кишвар, мисли ИМА ба оташбас даъват карданд. Толибон зимни сӯҳбат аз сулҳ чизе нагуфтанд. Таҳлилгарон вориди гуфтугӯ шудани ҳукумат ва гуруҳи Толибонро дастоварди бузург медонанд, вале мегӯянд, ин ба он маъно нест, ки роҳи расидан ба сулҳ наздик шудааст.Ҷозеп Борелл, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, ки онлайнӣ дар ин мулоқот ҳузур пайдо кард, гуфт, ки ҳеҷ чиз набояд монеи қабули оташбас аз ҳарду ҷониб шавад.Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ки музокирот “бидуни шак, бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ хоҳад шуд”, аммо ӯ даъват кард, ки ҷонибҳои даргир бо “истифода аз имконият” барои расидан ба сулҳ талош кунанд.                                                                                  

Раҳмонзода Миҷгона

муҳаррири варзидаи

шабакаи “Садои Душанбе”

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *