«Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

Шоми  дирӯз  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои   даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд. Дар баробари дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ва «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар дастаҳои   «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозиҳои  чорякфинал  дастаи  футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи  «Локомотив-Помир»  бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *