Шумори беморони COVID-19 дар се кишвари Осиёи Миёна афзоиш ёфтааст

Дар кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шумори беморони COVID-19 ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст. Ба нақл аз хабаргузории Форс, вазорати беҳдошти Ӯзбекистон аз афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ шумори мубталоён ба вируси корона ба 47 ҳазору 42 нафар расидаст.

Аз ин теъдод, 43 ҳазору 511 нафар беҳбуд ёфтанд ва 400 нафар низ ҷон бохтанд.

Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 3 ҳазору 143 нафар бемори таҳти муолиҷа қарор доранд, ки ҳоли 706 нафар аз онҳо ногувор аст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон ҳам бо эъломи мубтало шудани 53 мавриди ҷадид ба вируси корона дар 24 соати гузашта эълом кард шумори мубталоён ба 44 ҳазору 881 нафар расидааст, ки як ҳазору 63 нафар аз онон ҷон бохтанд.

Дар Қазоқистон низ бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти ин кишвар, шумори куллии мубталоён ба вируси корона аз 13 март то кунун ба 106 ҳазору 729 нафар, беҳбудёфтагон 100 ҳазору 518 нафар ва ҷонбохтагон як ҳазору 634 нафар эълом шудааст.

sputnik-tj.com

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *