16 октябр нахустнамоиши филми ҳунарии «БАЧАИ ОБӢ» ба муносибати 90-умин солгарди «Тоҷикфилм»

Нахустнамоиши филми бадеии «Бачаи обӣ» 16 октябр ба ифтихори 90-солагии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» манзури тамошобинон мешавад,-иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» аз қавли коргардони филм  Файзулло Файзов.

 Нахустнамоиши филми коргардон Файзулло Файзов дар кинотеатри Кохи Наврӯз баргузор мешавад.

Муаллифи ғояи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин, Соро Собир иҷро кардаанд.

Филм дар бораи тағйирёбии иқлим, хушкшавии баҳру дарёҳо, муносибати одамон бо табиат дар мисоли писарбачае, ки дар деҳаи Моҳигирон зиндагӣ мекунад ва вақти зиёдашро дар назди баҳре мегузаронад, ки оқибат камоб шуда,  моҳиёни он кам мешаванд, қисса мекунад.

Филм барои доираи васеи тамошобинон таҳия шуда, барои одамони ҳама синну сол ҷолиб ва муфид хоҳад буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE