22 сентябр дар Институти забон ва адабиёт Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон  иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон пагоҳ, соати 10:00, дар толори Институти мазкур солонаи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиби илмии Институт Шамсиддин Муҳаммадиев, бинобар сабаби пандемияи КОВИД-19 ҳамоиши илмӣ дар шакли маҳдуд баргузор карда мешавад. Дар ҷамъомади тантанавӣ олимон ва рӯдакишиносони Институт перомуни рӯзгор, вазни ашъор ва аҳамияти осори устод Рӯдакӣ маърӯзаҳои илмӣ мекунанд.

Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана  тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст.  Дар ин рӯз   дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу  нимпайкараҳои Абӯабдулло  Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона  ва маҳфили шеърхонӣ,   дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва  ҷаласаҳо  доир мегарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE