12-июл дар кадом мақомотҳои кишвар нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

12 июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 09:00 дар  хадамоти мазкур баргузор мешавад.

Вазорати фарҳанг соати 10:00 дар Вазорати фарҳанг нишасти матбуотиро доир менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 дар вазорати мазкур доир мешавад.

Кумитаи рушди маҳал нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Кумитаи рушди маҳал барпо  менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE