26 ЯНВАР ҶАЛАСАИ ПАНҶУМИ ЯКҶОЯИ ММ ВА МН ҶТ, ДАЪВАТИ ШАШУМ ДОИР МЕГАРДАД

26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расид.

Тавре аз дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 26 январи соли 2021, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE