Дар Тоҷикистон 43-ҳолати нави сироят ва як фавт аз КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 23 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9475 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8244  ё худ 87,0%-и гирифторон шифо ёфта, 74 нафар вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 108  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *