Ҷаласаи СААД: Пайёмадҳои ногувори иҷтимоиву иқтисодии КОВИД-19  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дирӯз тариқи видеоконфронс доир гардид, аз паёмадҳои ҳамагирии КОВИД-19 ёдовар шуда, иброз доштанд, ки он боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷитимоиву иқтисодӣ гардидааст. Ба таъкиди Пешвои миллат коронавирус ба зиндагии муқаррарии одамон ба таври муассир таъсир расонида, тамоми кишварҳоро водор кард, ки нақшаҳову ниятҳои қаблан муайяннамудаашонро ҷиддан бознигарӣ намоянд.

«Буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодие, ки бар асари ин пандемия ба вуқӯъ пайваст, ба нишондодҳои пешбинигардидаи афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, болоравии сатҳи бекорӣ ва таҳдиди амнияти ғизоиро ба миён овард», – иброз доштани сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ.

Зоириён Бахтиёр

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE