«ФАЛАКХОНӢ» ДАР ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Ёдгориҳои Тахти Сангин, Ҳулбук, Истравшану Панҷакенти қадим (махсусан тасвири навозандагони созҳои гуногуни мусиқӣ) шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳаёти фарҳангии давраҳои қадими халқи тоҷик суруду мусиқӣ ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб гардида будаанд.
Шояд фалакхонӣ низ дар ҳамон замон ба вуҷуд омада буд? Ба ин савол чунин ҷавоб гуфтан мумкин аст, ки бешубҳа, таронаҳои омиёнаи ҳамин давраи рушди ҳунари мусиқӣ чӣ аз ҷиҳати шакл ва чӣ аз ҷиҳати мазмун аз услуби сурудхониҳои масалан, муғони зардуштӣ фарқ менамуд. Яқин аст, ки мардуми одӣ маҳз ҳамин гуна навоҳоро бештар гӯш меандохтанд. Ҳамин буд, ки дар мабнои ривоятҳои қадимии мардумӣ сурудҳои маъруфи Борбади Марвазӣ –«Наврӯзӣ»-ҳо, «Ганҷи бодовард», «Кабки дарӣ», «Асброс», «Кини Сиёвуш», «Кини Эраҷ», «Авранг» ва ғайра офарида шуданд.
Афсонаву ривоятҳои қадимӣ дар бораи қаҳрамонон, хусусан Эраҷу Сиёвуш дар байни мардум шуҳрати баланд доштанд. Ин ривоятҳо ҳатто то асрҳои 10-11 дар Бухоро махсусан дар шакли сурудҳои таърихӣ маъмул буданд. Дар ин бора муаррихи маъруф А.Наршахӣ ёдовар шуда, чунин нақл намудааст, ки «аҳли Бухороро бар куштани Сиёвуш сурудҳое аҷаб аст».
Аз назари сохтори зарбу оҳанг фалакхонӣ падидаи суннатии сурудҳои силсилабандӣ ба шумор меравад ва бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳанӯз Борбади Марвазӣ ба сохтани сурудҳои силсилабандӣ (яъне иборат аз якчанд бахши ба ҳам пайванд) поягузор шуда буд. Вазни ашъоре, ки Борбад ба онҳо оҳанг мебаст, «насри мусаҷҷаъ» буд, инчунин маълум аст, ки навъи рубоӣ (мабнои асосии матни фалакӣ) ҳанӯз дар асрҳои 7-8 дар Мовароуннаҳру Хуросон васеъ маъмул буд. Баъдан, дар асрҳои 10-11 шайх Абӯ Саиди Абулхайр аввалин шуда, бо мақсади бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи оммаи васеи мардум аснои баргузории мавъизаҳои хеш аз навъи рубоӣ бо овозхонӣ истифода намудааст. Яъне маълум мегардад, ки суннати машҳури бадеӣ, яъне рубоиҳоро бо оҳанги махсус сароидан таърихи зиёда аз ҳазор солро дар бар гирифтааст.
Таҷрибаи рубоисароии Абӯсаиди Абулхайр далели он шуда метавонад, ки фалаксароӣ ҳеч гоҳ хоси дарбор ва маҷлисҳои шоҳона набуд, зеро мазмуну мундариҷаи он бештар мардумӣ буда, хусусияти оҳангӣ ва маънии байтҳояш ҳамеша аз дарду омоли оммаи васеи халқ дарак медод.
Ҳамин тавр, хушбахтона, фалакхонӣ аз ҳамон замонҳо то ба имрӯз дар байни мардуми одӣ, дар мавзеъҳои дурдасти кӯҳистон, дар репертуари сарояндагони хушовоз ва мутрибони моҳир мақому манзалати худро гум нанамудааст.
Тавассути истимоъи сурудҳои фалакӣ мардуми тоҷик давра ба давра, зина ба зина вориди доираи хештаншиносӣ мегардиданд, оҳангҳои фалак, қиссаҳои кӯтоҳи лирикӣ, ишқӣ, сатрҳои бахшида ба ҳифзи марзу буми мамлакат, донистани таърихи аҷдодон ва ғайра аз насл ба насл маҷмуи бузурги хотираи фарҳангии миллатро ташаккул медоданд.
Дар Тоҷикистони имрӯза навъи фалакхонӣ қариб дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ маъмул аст ва табиист, ки дар ин ҳолат мусиқии мардумии кӯҳистон бо иддаи хеле зиёди сифатҳои бадеӣ, эстетикӣ ва лаҳниаш аз мусиқии водиҳо ва шаҳрҳои бузург фарқ менамояд. Шакли озоди услуби фалакхонӣ (хусусан фалаки даштӣ, бе ҳамовозии созҳои мусиқӣ) худ намунаи олии таҷассуми руҳи озодипарасти миллат ва ҳувияти қудратмандонаи тоҷикон маҳсуб мешавад.
Суннати бузурги фалакхонӣ комилан хоси маданияти мусиқии мардуми кӯҳистони тоҷикнишин аст. Ҳар ҷо рубоиёту байтҳои наҷиби мардумӣ офарида мешуданд, он ҷо ин сатрҳоро ҳатман бо услуби мухталифи фалакхонӣ ба оҳанг медароварданд. Ба ҳам пайванд сохта сароидани рубоиёти дорои мазмуни гуногун ҳатман аз сароянда-бастакор тақозо менамуд, ки ба вазнҳои гуногуни байтҳо навоҳои мувофиқ (боз ҳам гуногун) эҷод намояд, яъне комилан маълум аст, ки паси ҳам сароидани якчанд рубоӣ ҳатман истифодаи ҳамон услуби «навбатсароӣ»-ро талаб менамуд, ки ба истилоҳи имрӯза онро «силсилахонӣ» меноманд.
Фалакхонӣ давоми садсолаҳо барои ҷомеаи хеле азияткашидаи аҷдодони мо ҳамчун пайванди наслҳо ва интиқолдиҳандаи хотираи таърихӣ хизмат менамуд. Дар мазмуни навъи фалак оҳангҳои ғарибӣ, ҷудоӣ аз ёру диёр, ҳасрати дидори падару модар, расидан ба мақсади худ, муҳаббат ба зиндагӣ, дарёфти рӯзи висол ва монанди инҳо васеъ истифода гардидаанд.
Мусиқии фалак, нолаҳои нозуку дилхурӯши он ба самъи шунавандаи имрӯза нидоеро аз дили пурҳарорати аҷдодонамон мерасонанд ва бо ҳамин бори дигар пайванди маънавии аҷдоду авлоди тоҷиконро устувор месозанд. Асрори савту навоҳо ва пайванди онҳоро бо олами кабир ҳанӯз орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин васф намуда буд:
«… Пас ҳакимон гуфтаанд ин лаҳнҳо,
Аз давори чарх бигрифтем мо.
Бонги гардишҳои чарх аст, ин ки халқ,
Месарояндаш ба танбӯру ба ҳалқ… »
Олимони маъруфи соҳаи мусиқӣ дар чунин ақидаанд, ки услуби шифоҳии мусиқии устодона дар марҳилаи муайяни таърих ҳамчун маҳсули эҷодиёти халқ ва намунаи сайқалёфтаи ин ё он навъи ҳунар ташаккул меёбад. Ва ҳатман маҳз дар ҳамин марҳила ин падидаҳо дар шакли тавъамии ногусастании шеъру оҳанг арзи вуҷуд менамоянд. Рубоихониҳои қадимии мардумии тоҷикон замоне зимни пайванд бо мусиқӣ ба ташаккули таронаву фалакиҳо дар мусиқӣ оварда расонид.
Маълум аст, ки ҳатто санъати мусиқии Аврупо, ки гӯё аслан ба таври хаттӣ рушд ёфта буд, вале дар он ҷо низ марҳилаи рушди мусиқии шифоҳӣ хатти пайвандиро аз доираи эҷодиёти халқ то ба мусиқии устодона иҷро намудааст. Аз ин лиҳоз ҳунари фалаксароӣ, бешубҳа, маҳсули амали садсолаҳо дар мазмуни эҷодиёти халқ ба шумор меравад ва решаҳои он ба қадимтарин давраҳо мерасанд. Муҳаққиқи маъруфи эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик, академик Р.Амонов яке аз аввалинҳо шуда, ҳанӯз дар нимаи дуюми асри гузашта ишора ба он намуда буд, ки мазмуни асосии фалакро муроҷиат ба осмон, ба тақдир ташкил додааст.
Бояд эътироф намуд, ки дар ин маврид мафҳуми фалак, албатта, тобиши маҷозӣ низ дорад ва ибораи «чархи фалак» дар маҷмуъ ба гардиши замон, гузашти умр ва ғайра ишора менамояд.
Фалак гарчанде истилоҳи арабӣ аст, вале аз таърихи адабиёти шифоҳии тоҷик маълум аст, ки ташаккули ин навъи нодири ҳунарӣ идомаи ҳамон навоҳои қадимии «таронахонӣ» (қадимтар — «троник»), «рубоихонӣ» ва «байтхонӣ» мебошад. Беҳуда нест, ки маҳз устод Рӯдакиро дар сарчашмаҳои таърихӣ «возеҳи навъи» тарона мешуморанд, яъне маълум мегардад, ки асосгузори назми классикии тоҷикӣ аз ин намуди маъруфи овозхониҳои мардумӣ, аниқтараш аз хусусияти лаҳнӣ, зарбӣ ва вазни нисбатан омиёнаи он дарак дошт.
Аз таърихи рушди ҳунари мусиқии халқи тоҷик аён аст, ки суннатҳои фалакхонӣ дар аксари замон маҳз дар байни мардуми кӯҳистон рушд намудаанд. Дар ҳар сурат, яқинан метавон гуфт, ки фалакхонӣ дар дарборҳо, маҷлисҳои сершумор ва пуршукуҳи қишри болонишини ҷомеа маъмул набуд. Яъне фалакхонӣ гарчанде навъи ҳунари устодона аст, вале ҳеч гоҳ дарборӣ набуд.
Дар баробари ин, бино ба навиштаҳои яке аз олимони маъруфи мусиқишинос Абдулқодири Мароғаӣ (муаллифи рисолаи «Мақосид-ул-алҳон»), дар Самарқанд ҳанӯз дар асри 14 навъҳои маъруфи оҳангҳои силсилабандӣ иборат аз чаҳор банд — бо номи «нӯбаҳои мураттаб» ба таври васеъ маъмул буданд, ки аз лиҳози таркиббандӣ ва сохтори композитсионӣ бештар ба суннатҳои силсилабандии фалак шабоҳат доранд.
Аз номгӯйи бандҳои «нӯбаҳои мураттаб» аён мегардад, ки дар Самарқанд силсилаи оҳангҳои чаҳорқисма машҳур буд ва соҳибони ҳунар онҳоро «қавлу ғазал ва таронаву рубоӣ» мегуфтанд. Яъне ба ин маҷмуаи аҷиби силсилабандии мусиқии аҳли Самарқанд ду навъи шеъри мардумӣ – тарона ва рубоӣ ба сифати бобҳои алоҳида ворид шудаанд. Мавҷудияти анъанаҳои шабеҳи фалакхонӣ дар доираи фарҳангии шаҳрҳои бузург далели он шуда метавонад, ки дар як марҳилаи муайяни таърих шояд ҳамин анъанаҳо ба ташаккули низоми Дувоздаҳмақом саҳм гузошта бошанд. Дар сохтори мақомҳо низ навъҳои рубоиву тарона ҷойи махсус доранд, ғайр аз ин пайванди Дувоздаҳмақом бо ҳикмати бурҷҳои осмонӣ (дувоздаҳ бурҷ = дувоздаҳ мақом, дувоздаҳ парда, дувоздаҳ гоҳҳо ва ғ.) далели он аст, ки ин ҷо низ тасаввурот ва таҷассуми Осмону Фалак дар маркази муҳтавои оҳангҳо Дувоздаҳмақом қарор гирифтааст.
Маълум аст, ки анъанаҳои мухталифи ҳунари фалаксароӣ ҳамчунин дар Афғонистон ва Покистон машҳур аст. Зиёда аз ин, муаммои то чӣ андоза ва бо кадом роҳ ба мусиқии мамлакатҳои арабӣ — Марокашу Алҷазоир ворид шудани анъанаҳои Дувоздаҳмақом ва фалакхонӣ ҳанӯз таҳқиқ нагардидааст.
Муҳаққиқи амрикоӣ, хонум Лорейн Саката зимни сафарҳои зиёди фолклоршиносӣ дар Бадахшони Афғонистон ба чунин хулоса омадааст, ки дар шимоли Афғонистон, хусусан дар байни тоҷикон суннати фалакхонӣ хеле маъруфу машҳур аст. Ӯ дар китобаш намунаҳои зиёдеро аз осори фалакхониҳои аҳолии шимоли Афғонистон бо сабти нотавӣ овардааст. Аз хулосаҳои Лорейн Саката бармеояд, ки дар шимоли Афғонистон ду намуди алоҳидаи фалакхонӣ — шаҳрӣ («urbanfalaks») ва деҳотӣ («ruralfalaks») маъмул гардидаанд.
Дар минтақаи Бадахшони Тоҷикистон низ суннатҳои фалаксароӣ дар шаклҳои гуногун маъмул мебошанд. Аз ҷумла, дар ин мавзеи кӯҳистони ҷумҳуриамон намудҳои нодири фалаксароӣ хеле зиёд дучор мегарданд, ки онҳоро чӣ ҳунармандон ва чӣ мардуми одӣ дар ҷараёни ҷашну маросим (аз ҷумла, дар маросими мотам ва азодорӣ) иҷро менамоянд.
Ҷуғрофияи ҳунари фалаксароӣ дар баробари минтақаи Кӯлобу Рашт ва Бадахшон ҳамчунин ба болооби Зарафшон (дар шакли «ояхониҳо» ва «байтхониҳо»), дар Хуҷанд, Исфараву Истравшан низ (дар шакли «Нақшхониҳо») дучор мешаванд.
Дар замони мо дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни фалаксароӣ — даштӣ, роғӣ, сафарӣ, паррон, равон ва ғ. Машҳур мебошанд, ки аз ҳамдигар бо баъзе сифатҳои бадеӣ ва иҷрокунандагӣ фарқ доранд. Масалан, навъи маъруфи фалаксароӣ, ки «фалаки даштӣ» ном дорад, аз лиҳози услуби иҷрокунандагӣ ва макони иҷро тобиши хоси бадеиро соҳиб аст. Ин намуди фалаксароӣ дар асл гӯё ҳузури шунавандаро тақозо надорад, зеро сароянда дар ин ҳолат вориди як намуд муноҷоти хоса ба осмон (ба фалак!) мегардад. Бояд тазаккур дод, ки ин маврид истилоҳи «даштӣ» асосан ишора ба он дорад, ки сарояндаи ин намуди фалак дар фазои махсуси озодии мутлақ, маҳрамона ва инфиродӣ нидоҳои ҷаҳони ботинии хешро бо овози баланд, бо нолаҳои пуравҷу фуровард ба сӯи осмон, ба олами улвӣ изҳор менамояд. Оид ба хусусияти фалаки «роғӣ» бояд гуфт, ки дар ин бора баҳсҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Алҳол яқин аст, ки мафҳуми «роғ» тазоди «даштӣ» шуда наметавонад, зеро «роғ» низ маънии марғзор, дашти васеъ, доманаи кӯҳҳоро ифода менамояд. Пас шояд дуруст мешавад, ки маънии «фалаки роғӣ»-ро дар иртибот ба мавзеи маъруфи Роғ (Афғонистон) муайян созем.
Ҷамъоварӣ ва таҳқиқоти ҳунари фалакхонӣ ҳанӯз дар нимаи қарни гузашта оғоз гардида буд. Нахустин шуда, кормандони шуъбаи фолклоршиносии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти сарварии академик Раҷаб Амонов ба ҷамъоварии намунаҳои фалакхонӣ (дар қатори дигар навъҳои эҷодиёти шифоҳии халқ) дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ оғоз намуда буданд. Худи ҳамон солҳо олимони маъруф Н.Нурҷонов ва Ф.Кароматов аснои сафарҳои фолклоршиносӣ даҳҳо намунаи нодири навъи фалакхониро аз сарояндагони мардумӣ сабт намуда, баъдан онҳоро ба нота низ гирифтанд. Дар омӯхтану нашр намудани сабти нотавии намунаҳои фалакхонӣ композиторони маъруфи тоҷик Фаттоҳ Одинаев ва Талабхӯҷа Сатторов низ саҳми бузург доранд.
Ин иқдоми фолклоршиносон ва композиторони тоҷик, ҳамчунин нашри адвории иддаи хеле зиёди фалакхониҳо баъдан имконият фароҳам овард, ки аҳли илми мусиқӣ ба таҳқиқи ҷанбаҳои шаклбандӣ ва хусусияти лаҳниву зарбии ин навъи нодири мусиқии миллӣ машғул шаванд.
Аслиддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ