АМРИКО: ЭЪЛОНИ ҲОЛАТИ ФАВҚУЛОДА ДАР РӮЗИ САВГАНДЁДКУНИИ ҶО БАЙДЕН

Чомеаи сиёсии ИМА ба маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ҷо Байден омодаги мегирад, ки санаи 20 январ тархрези шудааст. Ба хотири чорахои амнияти ва хуручи бемории Ковид ин чашнвора дар доираи нисбатан махдуд рохандози хохад шуд. Бо гумони эхтимолияти сар задани ноамнихо дар Вашингтон дар ин руз холати фавкулода чори шуда, сафари шахрвандон махдуд  хохад шуд. Шархи бештар дар пешниходи Точиддин Сатторзода:

Президенти ИМА Доналд Трамп ба хотири таъмини амният зимни маросими касамёдкунии президенти тозаинтихоб Ҷо Байден, ки 20 январ тархрези шудааст дар Вашигтон холати фавкулодаро эълон доштааст. Дар ин бора Касри сафед иттилоъ додааст. Каблан хукумати пойтахти Амрико бо ташабуси худ холати фавкудораро чори ва аз Донал Трам низ дархост намуда буданд, ки чунин холатро тасдик намояд, то дар сурати сар задани бесуботи аз кумаки федероли бархурдор гарданд. Маъмурияти Трамп тавзех додааст, ки ин карори сарвари давлат  ба вазорати корхои амнияти дохила ва Агентии федероли оид ба холати фавкулода имкон фарохам мерад, тамоми чорахоро бо максади вокуниш намудан ба холатхои эхтимоли хамоханг намоянд. Хамзамон ба сокинони махалли дар холати вазъи фавкулода кумак намоянд. Ёдрас мешавем, ки 6 январ  дар пайи тасдики натичаи  интихоботи президенти дар ИМА аз чониби вакилони  конгрес дар шахри Вашингтон,  ки Чо Байден пируз шуда буд. Ҷонибдорони президенти феъли Доналд Трамп даст ба бетартибихо заданд, ки боиси халокати 5 нафар ва дахо тани дигар гардид. Ба иттилои ВАО махалли президенти амалкунандаи ИМА Доналд Трам зимни  гуфтушунид пешвои Ҷумхурихохон дар палатаи намояндагон Кевин Маккарти эътироф кардааст, ки дар бетартибихои хафтаи гузашта дар Вашингтон у кисман айбдор аст. Худи сиёсатмадор Маккарти низ хангоми тамоси тасдик кардааст, ки Трамп барои ин ошубхои Вашингтон масъул аст. Доналд Трамп хамзамон як кисмати айби муосираи Капиталияро бар души аъзои чунбиши антифаи харакати чапгаро вогузор кардааст. Дар хамин хол каблан вазорати адлияи ИМА  иттилоъ дода буд, ки муфатишон далелеро пайдо накардаанд, ки   харакати чапгарои антифа ба ошубхои Вашингтон даст дошта бошад. Мири шахри Вашингтон Муриэл Баузер дар як изхороти муштарак бо губернаторони штатхои хамсояи Мерленд ва Виргиния амрикохоро даъват кардаанд, ки санаи 20- январ дар рузи маросими касмёдкунии Чо Байден аз сафар ба пойтахт худори варзида онро тарики онлайн тамошо кунанд. «Бистуми январ интиколи хукумат сурат хохад гирифт ва  мо бо шариконамон ба аз хукумати федероли бахри таъмини амнияти пойтахт хамкори хохем кард» омадаст дар ин изхорот. РИА Новости иттилоъ додааст, ки ИМА Русияро  ба маросими савкганёдкунии Чо Байдаен президенти тозаинтихоб даъват кардааст. Ба накша гирифта шудааст, ки намояндагон дар сатхи сафирони давлатхо дар он ширкат хоханд кард. Иттилоъ дода мешавад, ки дар ин маросим аслан аъзоёни Конгрес ва мехмонон  дар умум беш аз 1100 нафар хузар хоханд дошт. Маврид ба таъкид ааст, ки тибки натичаи интихоботи президентии Амрико, ки он 3 ноябр баргузор шуд, демократ Чо Байден бо касби бештари райъи мардум пируз додниста шуд, президенти амлкунанда Донал Трам то хол бохти худ дар ин корзори сиёсиро эътироф надорад.

                                                                                           Тоҷиддин Сатторов

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *