Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ. Соли 2019 1,2 миллион нафар ҷаҳонгарди хориҷӣ аз табиати зебоӣ кишвари мо ҳаловат бурдаанд

Тавре мухбири радиои «Садои Душанбе» Бахтовар Аминзода хабар дод, имрӯз зимни нишасти хабарии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши шумораи сайёҳон дар соли 2019 маълумот дода шудааст. Ба гуфти раиси Кумитаи мазкур Ширин Амонзода соли сипаришуда 1,2 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба соли 2018 219,7 ҳазор нафар зиёд аст.

Мухбири мо дар такя ба варақаи матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ илова намуд, ки бештаран шаҳрвандони Ӯзбекистон, Россия, Беларус,  Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия, Чин, Афғонистон,  Молдова, Канада,  Корея, Япония, Италия, Франсия, Германия, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Амрико ва Корея  ба Тоҷикистон омадаанд. Бояд гуфт, ки табиати биҳиштосо ва куҳҳои осмонбуси кишвари мо шаҳрвандони давлатҳои гуногуни оламро ба худ мафтун намудаанд.

Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардоти табиати афсункор ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ташаббусҳои зиёдеро амалӣ намуданд. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Роҳбари давлат, ба соҳаи сайёҳӣ такони бузурге бахшид. Ҳамин аст, ки сол то сол инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат беҳтар гардида шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон бамаротиб зиёд мегардад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE