Садамаҳои нақлиётии марговар дар манотиқи гуногуни кишвар
Рӯзи 22-юми августи соли 2020, тахминан соатҳои 06:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», ноболиғ Мудинов Мирзомуддин Азизуллоевич, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиётро идора намудааст, ки ба падараш Муддинов Азизулло Назриевич, соли таваллудаш 1971 тааллуқ дорад.
Номбурда ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қаробоеви пойтахт пиёдагарди ноболиғ Хоҷаева Гулноза Мирзошарифовна, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Муминободро, ки дар дасташ хурдсол Шералиев Сунатулло Беҳрузович, соли таваллудаш 2019 буд, зер кардааст.
Мутаассифона, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 22-юми августи соли 2020, тахминан соатҳои 10:30- дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман”, Ниёзов Қосимҷон Искандарович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг-Балҷувон дар ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба ҷарии канори рости роҳ чаппа мекунад.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Мақсудов Алишер Искандарович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва ронанда Ниёзов Қ.И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, рӯзи 23-юми августи соли 2020, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Тоҷиев Азизбек Ихтиёрович, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Деваштич ба самти шаҳри Истаравшан, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Ботуров Ҷаҳонбек Хоҷаназарович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи «Опел-Астра», Мирғиёсева Шоира Худойбердиевна, соли таваллудаш 1975, Абдуллоева Тутиниссо, соли таваллудаш 1941 ва Холиқбердиева Мавлуда, соли таваллудаш 1987, сокинони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
vkd.tj