Шароф Маҳмудов собиқ Вазири адлия ва Раиси Суди олии Тоҷикистон даргузашт

Собиқ Вазири адлия ва Раиси Суди олии Тоҷикистон Шароф Маҳмудов баъди бемории тӯлонӣ 24 август дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти пайвандони марҳум.

Шароф Маҳмудов 23 феврали соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1955   факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

Фаъолияти худро аз судяи одии собиқ ноҳияи Хуҷанди собиқ вилояти Ленинобод шурӯъ намуда, баъдтар муовини раиси суди шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон), узви Суди Олӣ (1962 – 1971), муовини вазир (1971 – 1978) ва Вазири адлияи Тоҷикистон (1972 – 1990) буд.

Ӯ охирин раиси Суди Олии Тоҷикистони Шӯравӣ ва аввалин раиси Суди Олии Тоҷикистони мустақил (1990 — 1994) буд, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва онро расмӣ кард.

Аз соли 1994 дар нафақа буд.

Ҷасади Шароф Маҳмудов имрӯз дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе   ба хок супорида шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE