Месси тарки Барселона мекунад?
Ҳамлагари дастаи Барселона ва тими мунтахаби Аргентина Леонил Месси тасмим гирифтааст, ки дастаи каталониро тарк намояд. Дар ин хусус расонаҳои варзишӣ ва иттилоотӣ хабар додаанд. Бино ба хабарҳои расида, қарори кунунии Месси хеле ҷиддист ва эҳтимол билохира ин футболбози аргентинӣ фаъолияташро дар дастаи каталонӣ қатъ намояд. Ин қарори худро Месси тариқи факс ба роҳбарияти даста расонидааст. Бино ба нигоштаи рузномаи Марка қарори кунунии Месси хеле ҷидист ва то ҳол дар чунин вазъ набуд. Тибқи иттилои рўзнома “Барселона” низ тасдиқ кардааст, ки ҳамлагари аргентинӣ тасмим гирифтааст, ки дастаро тарк кунад. Ба иттилои манбаъ, Месси тариқи факс хабари аз тим рафтанашро додааст ва ҷавоб ҳам гирифтааст. Бояд гуфт ки қарордоди капитани дастаи Барселона ва футболбози беҳтарини ҷаҳон Леонил Месси бо роҳбарияти Барселона то соли 2021 мухлат дорад, аммо футболбоз қайд кардааст, ки то соли оянда интизор нахоҳад шуд. Тибқи хабарҳои расида, ӯ мехоҳад аз ҳуқуқи худ барои қатъ кардани шартнома яктарафа истифода кунад. Дар ин ҳолат, вай метавонад ба таври ройгон ба дигар даста равад. “Интер”, “ПСЖ”, “Манчестер Юнайтед” ва “Манчестер Сити” талабгорони Месси маҳсуб меёбанд. Роҳбарияти бошгоҳ то ҳол умедвор аст, ки ин футболбози аргентиниро дар ҳайаташ нигоҳ медорад ва мехоҳад садди роҳи рафтанаш гардад. Сармурабии нави ин даста Роналд Куман низ иштироки Мессиро дар ҳайати даста, ҳатмӣ медонад. Рафтани Месси аз даста пас аз шикасти фоҷиабор дар даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо аз тими Бавария бо натиҷаи 8:2 бештар дар расонаҳо пайдо шуд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Месси расман дар хусуси тарки даста карданаш аз рузи 16-уми август ба роҳбарият хабар додааст. Ахиран хабар дода шудааст, ки сарвони “Барселона” Лионел Месси дар тағйири даста ҷиддӣ аст. Тибқи иттилои расонаҳои Каталония чанд рӯз пеш ӯ бо сармураббии “Манчестер Сити” – Хосеп Гвардиола бо телефон гуфтугӯ кардааст. Дар баробари дигар сӯҳбатҳо, Месси бо сармураббии собиқи “Барселона” дар бораи гузариши эҳтимолии ӯ ба “Манчестер Сити” сӯҳбат кардааст. Зимнан яке аз нафароне ки Мессиро хуб мешиносад ба расонаҳо хабар додааст, ки муроҷиати расмии футболбоз ба роҳбарияти даста, нишонаи шуруи гуфтушуниди дигар бо Месси аст. Эҳтимол Месси сидқан аз Барселона рафтан намехоҳад, аммо талаботҳои зид барои тағири роҳбарияти даста дорад. Расонаҳои зиёде дар хусуси ба истеъфо фиристодани президенти даста Бартамеу хабар пахш намудаанд, аммо худи Бартамеу аз вазифа рафтанашро рад кардааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки Леонел Месси шурӯъ аз мавсимҳои 2004-2005 дар ҳайати асосии “Барселона” бозӣ мекунад. Дар мавсими гузаштаи Ла Лига ҳамлавари аргентинӣ 33 маротиба вориди майдони рақобат шуда, ба задани 25 гол мушарраф гардида, 23 партофти натиҷаоварро низ ба номи худ сабт намудааст. Месси дастпарвари “Барселона” мебошад. Дар маҷмӯъ, дар бошгоҳи каталонӣ, дар ҳама мусобиқаҳо 731 бозӣ карда, 634 гол задааст ва 285 партофти головар анҷом додааст. Дар умум Лионел Месси 33-сола дар ҳайати “Барселона” даҳ чемпионати Испания, чаҳор Лигаи чемпионҳо, шаш Кубокҳои Испания ва се Суперҷоми Аврупоро бурд кардааст. Вай рекорди мутлақро дар задани голҳо (зиёда аз 500) дар ҳайати клуби Каталонӣ гузоштааст. Ӯ ғолиби шаш каратаи Тӯби тиллоӣ мебошад.
Раҳмонзода Миҷгона муҳаррири
варзидаи шабакаи “Садои Душанбе”