Пагоҳ дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад

Пагоҳ, 30 август дар мамлакат Иди каду, харбуза ва тарбуз таҷлил мегардад. Ин ид давоми панҷ сол аст, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таҷлил  мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, иди мазкур дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» баргузор гашта, дар он кишоварзони мамлакат ва ноҳияҳои атрофи шаҳр иштирок ва маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд. Инчунин, аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Иди каду, харбуза ва тарбуз  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки таҷлили Иди харбуза, тарбуз ва каду дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди бахши кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошад. Танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ расида, бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем. Ҳамчунин баргузории чунин намоишгоҳҳоро, ки тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳукми анъана даромадааст, дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Зеро ба ин восита метавон маҳсули дасти деҳқонони зарофари мамлакатро ба таври шоиста ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ кард.

Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқонон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE