Дар Маҷмааи савдои «Меҳргон» Иди каду, хабруза ва тарбуз баргузор гардид
Субҳи имрӯз, 30 август бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди каду, харбуза ва тарбуз баргузор гардид. Хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Иди каду, хабруза ва тарбуз намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Намоишгоҳи мазкурро муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулаҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таҷлили Иди каду, харбуза ва тарбуз, пеш аз ҳама, таъмин намудани сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ ва рушди соҳаи мазкур мебошад.
«Яке аз мақсадҳои асосии ин ид ба ҳам овардани кишоварзони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва мубодилаи таҷрибаи якдигар дар парвариши полезиҳои зикршуда мебошад. Дар мамлакат соли равон зиёда аз 30 фестивалу намоиш ба нақша гирифта шуда, таҷлили ин гуна идҳо ба ҳукми анъана даромадааст»,- зикр намуд ӯ.
Зикр шуд, ки баргузории намоиш-фурӯши каду, харбуза ва тарбуз ҳавасмандии марди деҳқонро зиёд намуда, имконияти хубест барои боз ҳам беҳтар парвариш кардани чунин маҳсулоти полезӣ дар мамлакат. Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.
Дар намоиш-фурӯши мазкур кишоварзони вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода навъҳои гуногуни каду, харбузаю тарбуз ва маҳсулоти аз он омодагардидаро ба намоишу фурӯш гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки Иди харбуза ва тарбуз тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ҳамасола таҷлил карда мешавад.
Дар ҷамъбасти намоиш ба беҳтарин хоҷагии кишоварзӣ ва иштирокдорон ифтихорнома ва туҳфаҳо супорида шуданд.