Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 25 миллион нафар бештар гардид
Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон то рӯзи 31-уми август аз 25 миллион нафар бештар гардид. Дар Ҳиндустон, ки дуюмин кишвари сераҳолитарини дунё маҳсуб меёбад, ҳисобҳои рекордӣ сабт шудааст. Бар асоси иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс теъдоди фавтидагон ба беш аз 840 ҳазор нафар расидааст. Дар 24 соати рӯзи гузашта дар Ҳиндустон беш аз 78 ҳазор нафар ҳамчун гирифтори коронавирус сабт шудааст. Ҳиндустон, сеюмин кишвар пас аз ИМА ва Бразилия аст, ки аз ҳама бештар гирифторони коронавирус сабт мешаванд. Ин кишварҳо ваъда додаанд, ки ба сокинон барои боло рафтани иқтисод кӯмак мекунанд. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус аз 8 ҳазор гузаштааст ва тибқи иттилои мақомот 68 нафар аз ин беморӣ фавтидааст.
Миҷгона Раҳмонзода
муҳаррири варзидаи
шабакаи “Садои Душанбе”