Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат ҷаласа баргузор гардид

31-уми август таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ва аъзои Комиссия-муовинони роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ  иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020» дар вилояти Хатлон, фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар самти бурдани корҳои  иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни  муҳоҷирони меҳнатӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №107 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба  татбиқи  Консепсия дар бораи  ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушти кишвр барои солҳои 2015-2020”,  вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи  Нақшаи кории Комиссияи  байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 мавридибаррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти робитаи корҳо бо хамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷик дар хориҷи кишвар, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо барои мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи панедемия Ковид-19 супориш дода шуд, ки чораҳои иловагӣ андешад.

Ҳамчунин аз ҷониби аъзои комиссия Нақшаи кории Комиссияи  байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз чониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширин Исматуллозода ба вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ супоришҳои қатъӣ  дода шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE