Мунтахаби Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард
Имрӯз, субҳи барвақт тими миллии Тоҷикистон озими Тошканд шуд. Қабл аз ба роҳ баромадан тамоми аъзоёни мунтахаб аз тести коронавирус гузаштанд, ки натиҷаи он манфӣ баромад.
Сармураббии мунтахаб Усмон Тошев бо худ ба Ӯзбекистон 23 бозингарро гирифт. Ҳамлагари “Хуҷанд” Дилшод Бозоров, ки дар рафти тамрини охирин лат бардошт, ба ҳайати дастааш баргашт.
Ҳимоятгари “Бундёдкор” Давронҷон Эргашев дар Тошканд ба ҳайати тими миллӣ ҳамроҳ мешавад. Дарвозабон Рустам Ятимов бо сабаби гирифтани корти сурх дар бозӣ бо Малайзия (0:1) дар ин дидор иштирок намекунад.
Бозии дӯстонаи Ӯзбекистон – Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр соати 19:00 дар Тошканд доир мегардад.
varzishtv.tj