“ҲОСИЛОТ” – И НОҲИЯИ КУШОНИЁН ЧЕМПИОНИ ФУТБОЛИ МАҲАЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020 дастаи деҳаи «Ҳосилот» и ноҳияи Кӯшониён ғолиби мусобиқа гардид. Дастаи шаҳраки «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод сазвори ҷойи дуюм ва дастаи деҳаи «Хумбивалӣ» и ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи сеюм гаштанд. Ба дастаҳои ғолиб ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳар сол байни наврасону ҷавонони ҷумҳурӣ мусобиқаи футбол дар шаклҳои гуногун баргузор мешавад. Мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаҳои деҳаҳову маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб меёбад. Ин иқдоми наҷиби Федератсияи футболи Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар оянда аз байни ҳамин ҷавонон чеҳраҳои нав ба майдони футболи тоҷик ворид шаванд.

Ёдовар мешавем, ки 26 декабр дар майдони захиравии назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид.

Мусобиқаи мазкур нахустин маротиба ба таври комилан фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Ин маърака байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо дар чаҳор марҳила баргузор гардид:

— марҳилаи якуми мусобиқа дар сатҳи маҳал, деҳа ва шаҳрак байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо;

— марҳилаи дуюми мусобиқа бо иштироки ғолибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот;

— марҳилаи сеюми мусобиқа бо иштироки ғолибони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳо;

— марҳилаи ниҳоӣ бо иштироки ғолибони вилоят ва минтақаҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 22 то 26 декабр дар шаҳри Душанбе доир шуд, дастаҳои деҳаи «Хумбивалӣ»-и ноҳияи Дарвоз, деҳаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониён, деҳаи «Деҳмой» – и ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳраки «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод, деҳаи «Боғистон»-и шаҳри Ҳисор ва маҳаллаи «Яккачинор»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе байни ҳам мубориза бурданд. Дар ин рақобат дастаи деҳаи «Ҳосилот»- и ноҳияи Кӯшониён ба ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *