ИДОМАИ ОБОДКОРИҲО ДАР РОМИТ БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР

Дар доираи чашни 30-солагии истиклоли давлатии ЧТ дар чамоати дехоти Ромит бунёди 64 иншооти таиноташон гуногун ба накша гирифта шуда, то имруз беш аз 30 адади он мавриди истифода карор гирифтаанд. Ба маълумоти масъулин сохтмони муасисахои таълимию табобати,кашонидани хати оби ошомидани ва муммфаршкунии роххои байни дехот аз бандхои асосии накшаи макомоти махалро ташкил додаанд. Точиддин Сатторзода мавзуъро пайгири намудааст.

Гузориш: Ромит аз чамоати дехоти дурдастарини шахри Вахдат ба шумор меравад, ки бо Фармони Президенти кишвар ин макон минтакаи туризм ва сайёхи эълон гардидаст. Ба хотири шоиста истикбол намулани чашни 30 солагии истиклоли давлати ва фарохам овардани инфрасохтор дар дехот  дар доираи иншооти чашни дар худуди ин чамоат  чандин бинохо сохта ба истифода дода шудаанд, ки то андозае дар  таъмини эхтиёчоти мардум шароит фарохам овардаанд.Ахтамчон Рачабзода муовини раиси чамоати дехоти Ромит мегуяд, бугёди иншооти тархоезишуда дар баробари ободии дехот ба ташкили чойхои нави кори ба мардум замина фарохам хоханд овард.

Дар иншооти сохташаванда дар чамоати дехоти Ромит дар баробари макомоти давлати сохибкорони махалли низ сахм мегузоранд. Норасоии чойхои нишаст, муасисахои то мактаби,набудани кошонаи хусн, хамоми замонави  аз мушкилоти рузмараи сокинони Ромит будааст. Ахтамчон Рачабзода муовини раиси чамоати дехоти Ромит бар он бовараст, ки тавччухи макомоти махал ва сохибкорон ба ин гушаи ватан, дар оянда ба рафъи ин мушкилоти мардум мусоидат хохад кард.

Тибки маълумоти масъулин, чамоати дехоти ромит аз 27 махала ва 17 хазор ахоли иборат буда, сокинон аслан ба чорводрию богдори машгул хастанд. Имруз сокинони дехоти он дар баробари дигар масъалахои халталаб аз чумлаи таъмирталаб будани роххои махали, бо оби тозаи ошомидани таъмин будааанд. Ба гуфтаи Ахтамчон Рачабзода муовини раиси чамоати дехоти Ромит то чашни 30-солагии истиклоли давлати агар 64 иншооти банакшагирифта шуда мавриди истифода карор бигиранд, мушкилоти мардум то андозае хали худро пайдо хохад кард.

Чомеаи Точикистон ба чашни 30 солагии истиклоли давлати омодаги мегирад. Ба хотири сазовор истикбол намудани ин сана дар саросари чумхури чабхаи бузурги созандаги бо маром идома дорад.Бунйёди иншооти чашни дар шахру нохияхо имкон фарохам меорад дар баробари инфрасохтор  боиси рушди махалхо ва боло рафтани сатхи ичтимоию иктисодии сокинон гардад. Истикоматкунандагони чамоати дехоти Ромит низ ба чашни  30-солагии истиклол  хамачониба омодаги гирифта тасмим доранд онро бо дастоварди арзишманди мехнати истикбол намоянд.

                                                                                                        Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE