КАМЧИНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА БОЛОРАВИИ НАРХИ ОН ДАР ФАЙЗОБОД

Таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешниҳоди маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ, айёми фасли дай, дар бозори дохилӣ яке аз вазифаҳои аслии маъсулини шаҳру навоҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар бозори марказии ноҳияи Файзобод низ савдогарон ва масъулин ҷиҳати дастрасии сокинони ҳудуди ноҳия анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон ва дастраси ҳамагон пешниҳод намуда истодаанд. Мустафо Раҳимов назоратчии бозори марказии ноҳияи Файзобод гуфт, ки ҳамарӯза аз дигар минтақаи кишвар навъҳои мухталифи маҳсулоти кишоварзиро вориди бозори марказии ноҳия мегардонанд.

Иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ қулайю мусоид аст ва метавон онҷо номгӯи зиёди растании полезиву ғалладонаро кишту захира намуд. Вале маъсулини Бозори марказии ноҳия дар ин самт фориғболиву бепарвоии ҷиддӣ зоҳир  намудаанд. Дар робита ба захираҳои модии анвои кишоварзӣ аз намояндаи Бозори марказии ноҳияи пурсон гардидем. Масъули бозор Мустафо Раҳимов посух дод, ки ҳеҷ гуна захираи зимистона нест ва танҳо такя ба соҳибкорон менамоянд. Дар ин ҳолат аз эҳтимол дур нест, ки зимни камчинии маҳсулоти кишоварзӣ соҳибкорон ба болоравии нархи сунъии маҳсулоти кишоварзӣ даст зананд.

Масъулини Раёсати кишоварзӣ, бахши “Тоҷикматлубот”-ӣ ва дигар бахшҳои вобастаи соҳа дар ноҳия бояд ҷиддан болои ин масъала кор гиранд ва пайи захира намудани анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли зимистон гарданд. То дар рӯзҳои сарди зимистон норасоии маҳсулоти кишоварзӣ ба вуҷуд наояд ва сокинони ноҳия тавонанд маҳсулоти ниёзи хешро дар вақти мусоид харидорӣ намоянд.

Аминзода Бахтовар

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE