ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БРЕНДИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН» ЭЪЛОН ШУД

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон» эълон намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳадафи асосии озмуни мазкур муайян намудани нишонаи “Бренди миллии Тоҷикистон” буда, он бояд муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддун, табиати зебоманзар ва имконияти истеҳсолии кишварро инъикос намуда, муаррифи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Масъулони озмуни мазкур мегӯянд, др он нафароне ширкат дошта метавонанд, ки қобилияти тарроҳӣ, рассомӣ ва эҷодкорӣ доранд.  Ғолиби озмун бо ҷоиза, 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE