СУТ АЗ АВҶИ БЕСОБИҚАИ НАМУНАИ НАВИ КОВИД-19 ДАР АВРУПО ҲУШДОР МЕДИҲАД

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад то муборизаро баҳри пешгирӣ аз намунаи нави каронавирус  ҳар чи бештар тақвият диҳанд. Созмон дар муроҷиатномаи хеш мамлакатҳои аврупоиро махсус қайд намуда иброз доштааст, ки хатари бештари паҳн гардидани он бо суръати баланд дар ин минтақа зиёд ба назар мерасад. Тибқи иттилои коршиносони ин созмони ҷаҳонӣ беморӣ ҳамон гуане, ки буд мемонад аммо суръати паҳншавии он хеле тез мебошад. Аллакай дар 22-кишвари аврупоӣ ва дар умум дар зиёда 41-мамлакати дунё аз ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандонаш дарак доданд.  Ханс Клюге, директори бюрои бахши аврупоии СУТ иброз доштааст,ки: “Дар таърихи пандемия як гардише рӯй додааст, ки илм, сиёсат, технология ва арзишҳо бояд як ҷабҳаи муштаракро ташкил диҳанд ва ин вируси даҳшатнок ва номаълумро аз байн баранд “.

Бо паҳн шудани намунаи нав, бисёр кишварҳо сабук кардани тадбирҳои барои моҳи январ пешбинишударо ба таъхир андохтанд ва баръакс, онҳоро шадидтар карданд.

Дар Бритониёи Кабир рӯзи чоршанбе, дар рӯзи сеюми авҷи бесобиқаи навунаи нави КОВИД-19 , беш аз ҳазор марг аз Covid-19 ба қайд гирифта шуданд. Ҳолатҳои нави сироятёбӣ миёни шаҳрвандони Британия марзи 60-ҳазорро гузашт. Табибон дар шаҳри Лондон иброз медоранд, ки аллакай 5-уним ҳазор кати хоб барои беморон намерасад.

Дар ҳамин ҳол Шветсия сар карда аз рӯзи панҷшанбе 07.01.2021 тадбирҳои зиддиэпидемеологиро шадидтар карда шаҳрвандонашро даъват ба он намуд, ки  аз ниқоб ва маводҳои безараргардонӣ дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ҳатман бояд истифода кунанд.

Дар ин замина, Белгия нақшаи ваксинкунии шаҳрвандонашро барои тезонидани раванд аз нав дида мебарояд: ҳукумати ин кишвар, ба мисли Фаронсаи ҳамсоя, барои оғози хеле сусти эмкунии аҳолӣ интиқод мешавад. Дар баробари ин ҳама сар карда аз соли нав аллакай бисёре аз кишварҳо тамосҳои ҳавоиро бо Британия қатъ карданд ва аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳолат маҷрои хешро боз ҳам дарозтар карда бошад.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE