РАДИО

Директори Радиои “Тоҷикистон”

Саидзода Обидҷон Саид 29 июли соли 1986 дар шаҳраки Маскави ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ ноҳияи Маскав) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи журналистикаву тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003 – 2008) мебошад.

Мавсуф дар вазифаҳои хабарнигори идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (2010), мудири шӯъбаи танзими барномаҳо (2012), муҳарирри калони идораи барномаҳои таҳлилӣ (2015) ва муовини аввали директори “Радиои Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Мавсуф муаллифи китоби “Умре бо радио” ва мураттиби маҷмӯаи “Расонаи зиндагӣ” аст. Номзади илмҳои филология буда, бо матбуоти даврӣ ҳамкории васеъ дорад.

Обидҷон Саидзода 16 июни соли 2020 бо фармони Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Саид директори Радиои “Тоҷикистон” таъин шуд.

 

Муовини якуми Директор

Шоҳиён Мансур Бойзода 14 октябри соли 1991 таваллуд шудааст. Соли 2014 факултети журналистикаи ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм карда, айни ҳол аспиранти кафедраи телевизион ва радиошунавонии ҳамин факулта мебошад. Дар мавзӯи «Фарҳанги мантиқии фаъолияти эҷодии журналист» рисолаи илмӣ навиштааст.

Корро соли 2012 ба ҳайси наттоқ дар шабакаи «Овози тоҷик»-и Радиои Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба сифати муҳаррир ва мудири Шуъбаи «Мухбирон»-и радиои «Тоҷикистон» кор кардааст. Аз августи соли 2019 то июни соли 2020 ба ҳайси сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» фаъолият кардааст. Аз 19-уми июни соли 2020 то инҷониб муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон ифои вазифа карда истодааст. Номзади илмҳои филологӣ (2021). Оиладор соҳиби 2-фарзанд.

 

 

Муовини Директор

Раҳимова Гулрухсор 24 январи соли 1978 ба дунё омадааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм кардааст. Аз соли 2003 дар Радиои “Тоҷикистон” кор мекунад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE