ТОҶИКОН-ИСБОТИ ТАЪРИХ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2019 супориш доданд, ки то  ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби “Тоҷикон”-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонавода дасрас карда шавад. Бояд қайд кард, ки китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров яке аз пурмуҳтавотарин асарҳо дар таърихи миллати тоҷик мебошад, ки барои муаррифии сиёсат, таърихи кӯҳани чандҳазорсола, мулкдорӣ, мардумсолорӣ, тамаддунофарӣ, урфу одат, фарҳанги волои давлатдории миллати Тоҷик ба ҷаҳониён сабаб гардид.

“Китоби “Тоҷикон” яке аз воситаҳои беҳтарини бедор кардани худшиносии миллӣ дар вуҷуди ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст. Иқдоми наҷиби сарвари давлат боиси ифтихори мардуми кишвари азизамон гардидааст. Аз нашр баромадани ин шоҳасар аҳамияти бузургро дорост. Махсусан нақши ин китоби пурмуҳтаво дар боло бардоштани руҳияи ватандӯстии ҷавонон, насли наврас, умуман тамоми қишри ҷомеа даъват баамал оварда метавонад”

Бояд ёдовар шуд, ки  аз нашр баромадани ин китоб дар  замони соҳибистиқлолӣ яке аз туҳфаҳои гаронарзиштарин мебошад. Дар китиби  “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров тамоми таърихи миллати тоҷик сабт гардидааст, ки барои хонанда манфиати зиёди маънавӣ дорад.  Муртазо Зайниддинзода, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бобати аҳамияти китоби “Тоҷикон” барои аҳолии кишвар чунин нуктаи назар дорад: “ Имрӯз, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллатамон ҳамин гуна иқдом пешгирифта шуду ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон ҳамин гуна андешае, рӯйи кор омад, ки дар ҳар як оилаи тоҷик нусхаи китоби “Тоҷикон” бояд бошад. Ин иқдом басо муҳим аст, чунки ин давраи бениҳоят ҳассоси миллатсозӣ, давраи хеле ҳассоси худшиносӣ аст,  давраи муаррифӣ намудани миллати худ, таърихи гузаштаи худ, забони худ ва ҳастии худ аст. Дар ҳар як оилаи тоҷик дасрас гардидани ин китоби арзишманд, метавонад пиёда гардидани ниятҳои неки сарвари давлатамон мусоидат намояд”

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” метавонад, дар сиришти ҳар як шаҳрванд, ҳисси баланди худогоҳӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ ва масъулиятшиносиро бедор намояд.

Шоҳҷаҳон Қурбонов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *