ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БА ҚАТАР МЕРАВАНД

Аз 11-ум то 13-уми январи соли равон дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа мусобиқаи байналмилалии оид ба ҷудо баргузор мешавад. Дар ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “World Masters”, ки рӯзҳои 11-ум ва 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Доҳа доир мегардад, муайян шуд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур се нафар – Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду дар вазни 73 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Дар мусобиқа иштирки 370 варзишгар аз 68 давлати дунё дар назар аст. Мусобиқаи мазкур бидуни иштироки дастаи пурқуввати Ҷопон баргузор мешавад, ки дархости худро ба кумитаи тадорукот нафиристодааст.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳри Доҳа бори аввал мизбони мусобиқаи “World Masters” мегардад.

Бахтиёр ЗОИРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *