ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ “САДО” ДАР СОЛИ 2020

Дирӯз 8-уми январ дар маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо» оид ба фаъолият дар соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ  барои соли 2021 баргузор гардид, ки дар кори он Роҳбарияти Кумита, ,  дастгоҳи марказӣ, Раёсату идораҳои зертобеъ, Маъмурияти радио, намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” Каримзода Фирӯз Муссо  оғоз намуда аз дастовардҳои дар соли сипаригаштаи ташкилоти ҳизбӣ ба ҳозирин иттилоъ дод.

Номбурда иброз дошт, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Садо» фаъолияташро дар соли 2020 баҳри  ба амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои  Анҷумани 13-уми  ҲХДТ, Раёсати   Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ ба роҳ монда,  дар самти баргузории чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, тақвияти нуфузи ҳизб, вусъат бахшидани ғояву арзишҳои миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ байни ҳамаи табақањои аҳолии мамлакат корҳои муайянеро анҷом дод.

Пас аз пешниҳоди Ҳисоботи Ташкилоти ҳизбии “Садо” барои соли 2020 Раиси Кумита телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Раиси Ташкилоти ҳизбии “Садо” Нуриддин Саид суханронӣ намуда аз музаффариятҳои дар соли 2020 ба даст омадаи ташкилот ёдовар шуданд. Пас аз анҷоми Ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботии Ташкилоти ҳизбии “Садо” як қатор кормандон ба хотири саҳм гузоштан дар пешрафти кори ҳизб ва тарғибу ташвиқи ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ дар ҷомеа бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Шодонҷон Султонов 

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE