Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Никлассон

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуда, масоили таъмини амнияти минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои муҳими шарикӣ донистанд.

Дар ин зимн сатҳи баланди ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба арзишҳои умумибашарӣ хавфи ҷиддиро ба бор овардаанд, таъкид гардид.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои киберӣ, рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.

Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид карданд ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кумак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор доштанд.

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон 08.04.2022

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE