ТАЪСИСИ ШАБАКА
18-уми январи соли 1999 бо ташаббуси собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе»-и Радиои Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо барномаҳои ҷолибу мустақим, дар муддати кутоҳ тавонист ба дили шунаванда роҳ ёбад. 21 сол аст, ки ҳамрозу ҳамнавои мардуми кишвар мебошад. Тавассути барномаҳои радиои «Садои Душанбе» то имрӯз ҳазорҳо мушкили иҷтимоии сокинони мамлакат, бахусус, маъюбону ниёзмандон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ҳалли худро ёфтаанд. Имрӯз шабакаи «Садои Душанбе» рисолати худро дар самти таъмини аҳолӣ бо иттилот ва фароғату маънавиёт иҷро намуда истодааст.
Айни ҳол ҳайати эҷодию техникии «Садои Душанбе» 35 нафарро ташкил медиҳад.
Радиои «Садои Душанбе» дар як шабонарӯз 12 соат ба таври мустақиму оригиналӣ ва 12 соат такрор барномаҳои худро пахш мекунад. Садои моро рӯйи мавҷи 102,2 FM дар шаҳри Душанбе, мавҷи 100,2 FM дар вилояти Суғд, 103,1 дар вилояти Хатлон, 102,5 дар шаҳри Хоруғ ва дар мавҷҳои миёна -АМ 549 килогертс ва АМ 11,61 килогертс шунида метавонед. Тавассути моҳвора ва баззаҳои DVB-T2-T3 низ имкон доред, ки «Садои Душанберо» гӯш кунед.
Инчунин аз сомонаҳои sadoidushanbe.tj, ktr.tj ва mediabay.tv метавонед радиои «Садои Душанбе»-ро ба таври онлайн шунавед.
СОБИҚ САРМУҲАРРИРОН
Сафаргул Олимӣ
Бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт ДДТ ба номи В. И. Ленин)-ро соли 1981, хатм кардааст. Аввалин чакидаҳои хомааш дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд.
Соли 1986 дар Сарредаксияи кӯдакон ва ҷавонони радиои «Тоҷикистон» корро оғоз карда, солҳои 1992-1999 ба ҳайси сармуҳаррири ҳамин идора кор кардааст.
Соли 1999 бо таъсиси Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе», Сафаргул Олимӣ барои кор ба ҳайси сармуҳаррир даъват шуд ва то соли 2003 сарбаландона кор кард.
Сафаргул Олимӣ: бе заминаи мустаҳками фаниву кадрӣ ин шабакаи навро, ки ҳамчун нафаси тозае буд дар фазои кишвар танинандоз намудем. Дастгириву боварии роҳбарияти Кумита ба мо неру мебахшид. Курси 6 -моҳаи такмили ихтисосро, ки дар Маскав -«Останкино» ва радиои мустақими «Юность» гузашта будам, бароям кӯмак кард. Дар камтарин фурсат, ин Шабака маҳбуби дилу дидаи мардуми кишвар гашт. Ва ман ин саҳфаи ҳаёти худро беҳтарин ва муҳимтарин медонам.
Сафаргул Олимӣ солҳои 2003 -2012 ҳамчун хабарнигор дар радиои Аврупои Озод, (Озодӣ) фаъолият кардааст. Аз соли 2012 то 2015 ба ҳайси сармуҳаррири Идораи фарҳангӣ фароғатии ТВ «Пойтахт» (ҳоло «Душанбе») кор кард. Аз соли 2015 то инҷониб дар радиои «Тоҷикистон» барномаи мустақими «Ҳамдил» ва барномаи «Киссаҳои шумо»-ро омодаву пахш менамояд. Cоҳиби 3 фарзанд ва 6 набера мебошад.
Асрориён Ҷонибек Одилпур
1 январи соли 1960 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1981 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих хатм карда, айни ҳол номзади илмҳои таърих мебошад.
Кор ва фаъолияти собиқа:
1976-1981- донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1982-1985-ассистент, лаборант дар ДДК
1985-1991- муаллим, коромӯз, аспиранти ДДОТ
1991-2002-муаллими калони кафедраи фалсафаи фарҳангии ДДОТ
2002-2005-сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе»
2005-2007-сармуҳаррии идораи фаҳангӣ-фароғатии Телевизиони “Тоҷикистон”
2007-2013-сармуҳаррири шабакаи «Садои Душанбе»
2013 – 2021 – сармуҳаррири шабакаи «Фарҳанг»
Барои фаъолияти арзанда, навиштани китобу мақола, таҳияи барномаҳои телевизиониву радиоӣ ва дигар ташаббусҳои созанда бо як қатор мукофоти соҳавӣ қадрдонӣ шудааст: барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А.Лоҳутӣ, Аълочии фарҳанги ҶТ, Аълочии матбуоти ҶТ, Аълочии телевизион ва радиои ҶТ (соли 2009), Аълочии маорифи ҶТ (соли 2010), «Беҳтарин журналисти радиоии сол-2012» (озмуни «Ҷило-2012»), барандаи «Ҷоизаи ба номи А. Мирзоев» барои «маводҳои беҳтарини радио дар с.2012» ва ғайра.
Муаллифи китобҳои «Фидоиён» (бо ҳаммуалифии С.Ҳасанзод.), «Авроқи қрангини Кӯлоб», «Кишвари пешорӯйи хуршед», «Мавод доир ба назарияи фарҳанг», «Пӯяндагони ҳикмати фарҳанг», «Тоҷикон: миёни хиёнату хун», «Ин заминро арҷ аз арш аст», «Босмачизм ва болшевизм: воқеият ва таҳриф», «Гӯрғулӣ» (Гузориш ва нигориш), «Чили Чилла ва Панҷоҳи нишон», «Тахти Сангин» (Бо ҳаммуаллифии М.Азизов), «Куляб в памиятниках истории и култури Душанбе» ва «Марзи садоқат» мебошад.
Ҷонибек Одилпур бо филмҳои муассири телевизионӣ вобаста ба фарҳангу ҳунар, мавзеъҳои таърихӣ, ҳунару анъанаҳои миллӣ ва ғайра, барои бинандаву шунаванда ошно гардидааст. Филмҳои телевизионии «Кулон», «Нозкӯл», «Ҳулбук», «Саразм», «Диёри Деваштич», «Фалғар», «Чоргул», «Раштонзамин», «Тахти Сангин», «Чорсӯ», «Авранги муҳаббат», «Рӯдакиёна», «Эмомаскара», «Сангтӯда», «Висагирд», «Кишвари мӯъҷизаҳо», «Меғатон», «Кишвари пешорӯйи хуршед», «Пушинг», «Дар домани кӯҳи Бобои Об», «Фарзанди диёри нур», «Чароғони Рӯзи Испанд», «Наврӯз», «Баюгонӣ», «Чакан», «Шаби арӯсӣ», «Чилла», «Гӯрғулӣ», «Як каф дуо», «Бобунаи ормонҳо», «Зеби садҳо достон», «Нигораҳои Ҳисор», «Роғун: ру ба фардо» аз зумраи офаридаҳои ӯянд.
Сафаралӣ Қурбоналӣ
Сафаралӣ Қурбоналӣ соли 1961 ба дунё омадааст. Соли 1993 Донишгоҳи ҳунари Тоҷикистонро хатм карда дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Вай соли 2004 ба вазифаи муовини директории Радиои Тоҷикистон ва моҳи майи соли 2005 сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» таъин шуд. Сафаралӣ Қурбоналӣ айни ҳол дар вазифаи муовини роҳбари дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио фаъолият менамояд. Номбурда ҳунарманди хушсалиқа буда, суруду таронаҳои зиёде ҳам сабт намудааст.
Мардонова Сураё
Сураёи Шуҷоат соли 1962 таваллуд шудааст. Пас аз хатми ДМТ соли 1985 ба радиои «Тоҷикистон» ба кор омадааст. Аз рӯзи нахусти ташкили шабакаи мустақими «Садои Душанбе» ба сифати муҳаррир, муҳаррири варзида кор кардааст. Номбурда соли 2006 ба вазифаи сармуҳаррири «Садои Душанбе» таъин гардид. Айни ҳол ба ҳайси муҳаррири варзида фаъолият дошта барномаҳои ҳуқуқиву таҳлилиро пеш мебарад. Барномаҳои «Ҳуқуқи шумо», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Муошират», «Ҳадиси зан» ва ғайраро таҳияву пахш менамояд, ки шунавандаи зиёд доранд.
Одиназода Шоҳона Сулаймон
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24.11.2015 таҳти №632) дар вазифаи сармуҳаррири муассисаи давлатӣ-маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор мекунад.
29 апрели соли 1969 дар ноҳияи Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1994 факултаи риёзии Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ва соли 2015 факултаи журналистикаи ДМТ-ро хатм кардааст
Кор ва фаъолияти собиқа:
1985-1988 колхозчии колхози “Ленинград”-и ш. Кӯлоб;
1988-1994 донишҷӯи Донишкадаи давлатии Кӯлоб;
1991-1996 сарпешоҳанги Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №15 ш. Кӯлоб;
1996 -1997 мудири китобхонаи политехникии шаҳри Душанбе;
1997-1998 мухбири Маркази миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”;
19984-1999 муҳаррир, муҳаррири варзидаи Радиои Тоҷикистон;
1999-2000 сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон;
2000-2008 ҷонишини сармуҳаррири идораи “Ахбор”, котиби масъул, муҳаррири варзида, сармуҳаррири Радиои “Садои Душанбе”, сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон;
2008-2012 сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии Радиои Тоҷикистон;
2012 – 2015 муовини директори Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина».
Аз 24.11.2015 таҳти №632 дар вазифаи сармуҳаррири муассисаи давлатӣ-маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” кор мекунад.
Барои хизматҳои шоён соли 2011 бо мукофоти давлатӣ: Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Худоёр Валиев
Худоёр Валиев-20 ноябри соли 1979 таваллуд шудааст. Солҳои 2013-2014 ба ҳайси сармуҳаррири Шабакаи «Садои Душанбе» фаъолият намуда, айни ҳол роҳбарии ширкати «Ориёно -Медиа»-ро ба дӯш дорад. Радиои «Имрӯз», ки тобеи ҳамин ширкат аст, дар давраи роҳбарии Худоёр Валиев шуҳрати баланде касб намудааст.
Каримзода Бахтовар Абдулҳаким
20.01.1988 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Соли 2006 МТМУ № 5 – и зодгоҳ ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст (2011). Ихтисосаш рӯзноманигор. Аспиранти донишгоҳи мазкур (аз соли 2011).
Баробари таҳсил дар аспирантура (2011 – 2015) дар Радиои “Тоҷикистон” муҳаррири хурд, муҳаррир ва муовини сармуҳаррири идораҳои иттилоотиву таҳлилӣ (2011 – 2014), сармуҳаррири шабакаи “Садои Душанбе” (2014 – 2015) буд.
Солҳои 2015 – 2018 ба сифати сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ифои вазифа намуд.
Аз моҳи апрели соли 2018 то 2020 дар Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба сифати мутахассис ва мутахассиси пешбар фаъолият намудааст.
Аз моҳи августи соли 2020 сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиоӣ ва дастаҳои ҳунарии Дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радио то 30-уми март ифои вазифа намудааст.
Аз 30-уми марти соли 2021 бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид сардори раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ таъин гардид.
Аз соли 2013 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ – тадқиқотӣ дар соҳаи журналистика мебошад.
Бо Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, барномасозӣ ва меъморӣ (дар бахши рӯзноманигорӣ, 2016), нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2016), Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон (2017), медали 100 – солагии матбуоти тоҷик (2018), Аълочии фарҳанги ҶТ (2020) ва ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон сазовор гардидааст.
Оиладор, 4 фарзанд: Аноҳита, Салмонҷон, Афрадита ва Сомонҷон дорад.
Махфират Юсуфӣ
9 уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Хатмкардаи ДМТ, факултаи филология. Муаллифи китобҳои “Гаҳворабони ғам “, Печутоби сарнавишт “, “Асири зиндагӣ”, “Гули ёс”, “Ҳаводиси армонкуш”, “Гуётар аз садо”, “Пайки Наврӯзӣ “, “Тозакориҳои истиқлолият”, “Ҳадиси тарбияти бузургсол”-баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба сириллик, “Фоли Ҳофиз” баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба сириллик, “Молики фарри каёнӣ”. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии телевизион ва радио мебошад. Солҳои 2015-2019 дар вазифаи сармуҳарририи радиои «Садои Душанбе» кор кардааст.
Мансур Шоҳиён
14.10.1991 таваллуд шудааст. Соли 2014 факултети журналистикаи ДМТ-ро бо дипломи аъло хатм ва айни ҳол аспиранти Кафедраи телевизион ва радиошунавонии ҳамин факулта мебошад. Дар мавзӯи «Фарҳанги мантиқии фаъолияти эҷодии журналист» рисолаи илмӣ навиштааст.
Корро соли 2012 ба ҳайси наттоқ дар шабакаи «Овози тоҷик»-и Радиои Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба сифати муҳаррир ва мудири Шуъбаи «Мухбирон»-и радиои «Тоҷикистон» кор кардааст. Аз августи соли 2019 то июни соли 2020 ба ҳайси сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» фаъолият кардааст. Аз 19-уми июни соли 2020 то инҷониб муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон ифои вазифа карда истодааст.
Номзади илмҳои филологӣ (2021). Оиладор соҳиби 2-фарзанд.