Сармуҳаррир – Фирӯз Каримзода
Каримзода Фирӯз Муссо 18 октябри соли 1981 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1999 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 – и ҳамин ноҳияро хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2005 ин боргоҳи илмро хатм кард.
Фирӯз Каримзода аз соли 2006 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои мухбир,муҳаррири варзида, котиби масъул, муовини сармуҳаррир кор кардааст ва ҳоло сармуҳаррири шабакаи” Садои Душанбе” мебошад. Мавсуф муаллиф ва муҳаррири барномаҳои “Раҳовард”, “Чашми дил”, “Гар дасти фитодае бигирӣ …” ва “Навои дилошӯб” аст.
Ӯ аз соли 2008 узви ҲХДТ аст. Барои саҳми босазо дар рушди журналисика ва хизматҳои шоиста бо унвонҳоии ифтихории “Аълочии телевизион ва радио”, “Аълочии фарҳанг”, “Аълочии ифтихории маориф ва илм”, медали “Барои хизматҳои шоиста” – и ВКД ва “Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ” қадрдонӣ шудааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд.
Котиби масъул – Бозоров Сайфулло
Бозоров Сайфулло Иғболович 4 июли соли 1975 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рўзноманигор (рўзона) хатм кардааст.
Баъди хатми донишгоҳ ба фаъолият оғоз карда, ҳанӯз аз давраҳои аввали таъсисёбии шабакаи “Садои Душанбе” ба ин даргоҳ ба кор омада, дар вазифаҳои зиёд кор кард. Ӯ солҳои 2000 – 2005 мухбир, 2005 – 2007 муҳаррири варзида, 2007 – 2012 муовини сармуҳаррир, 2012 мудири шуъбаи иттилоотӣ, 2012 – 2014 муҳаррири варзидаи ин шабака буд.
Мавсуф соли 2014 ба тиҷорат рӯ оварда, як муддат фаъолияти соҳибкорӣ дошт, вале меҳри пеша баъди як сол дигарбора ӯро ба радио овард. Ӯ солҳои 2015 – 2017 ба ҳайси мухбир, солҳои 2017 – 2020 муҳаррир, солҳои 2020 – 2021 муҳаррири варзида кор кард ва аз соли 2021 бо фармони Раиси Кумитаи телевизион ва радио ҳамчун котиби масъули шабакаи “Садои Душанбе” фаъолият дорад. Муаллиф ва муҳаррири барномаҳои “Хонавода”, “Шоми Душанбе” ва “Ҳамсадо” аст.
Мудири шуъбаи иттилоотӣ – Сатторов Тоҷиддин
Сатторов Тоҷиддин Саъдиевич 2 феврали соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рўзноманигор (рўзона) хатм кардааст.
Мавсуф ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ ба кори радио пайваста, баъди таҷрибаомӯзӣ соли 1998 ба ҳайси муҳаррири шуъбаи “Ахбор” – и Радиои “Тоҷикистон” ба кор пазируфта шуд ва то соли 2010 дар ин ҷо кор кард. Хизматҳояшро ба инобат гирифта, соли 2010 ӯро ба вазифаи муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотии Радиои “Тоҷикистон” гузарониданд. Аз моҳи феврали соли 2019 дар вазифаи мудири шуъбаи иттилоотии шабакаи «Садои Душанбе»-и РадиоиТоҷикистон кор мекунад.