Президенти мамлакат дар шаҳри Хуҷанд МТҒ “Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон” – ро ба истифода доданд

15 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов, Комилҷон Комилов ва Насим Нуриддинзода бунёд карда шуд.

Бинои таълимӣ аз 5 ошёна, таххона, 67 синфхонаи таълимӣ, 8 озмоишгоҳи фаннӣ, 20 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва китобхона бо 4 ҳазору 200 китоби илмию бадеӣ, китобхонаи электронӣ бо 209 ҳазор китоб иборат мебошад.

Донишкадаи навтаъсиси илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имконият дорад, ки 2 ҳазору 600 нафар донишҷӯро ба таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз руи 21 ихтисоси замонавии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ба таҳсил фаро гирад.

Бо ифтитоҳи донишкада 80 устод ва кормонди техникӣ бо ҷойи корӣ ва шароити мусоиди фаъолият таъмин шуданд.

Дар шафати бинои таълимӣ толори варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд мавҷуд аст.

Донишкадаи мазкур дар заминаи эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баҳри омӯзиши мукаммали ин фанҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон таъсис дода шудааст.

Истифодаи васеъи тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим яке аз омилҳои самарабахшии дарсҳо мебошад. Донишкада дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ буда, барои таълиму омӯзиши фанҳои дақиқ ба таълимгирандагон беш аз 60 нафар омӯзгор, аз ҷумла профессорон, докторон, номзадҳои илм ва омӯзгорони ботаҷриба ҷалб карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни таълим дар донишкада пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Барои омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷуёни хориҷа шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Пояҳои моддиву техникии донишкада бо технологияҳои иноватсионӣ мустаҳкам буда, 140 адад компютер, 21 тахтаи электронӣ, 60 тахтаи синфӣ, 110 камераи назоратӣ, 21 проектор, 30 принтер, 20 ноутбук барои омӯзгорони ҷавон ва дигар воситаҳои таълимӣ аз шароиту имкониятҳои муосир барои таҳким бахшидани таълиму тарбия мебошад. Ҷараёни таълим дар ҳамаи синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ назорат ва таҳлил карда мешвад.

Алҳол дар донишкада факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ, факултаи муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо 4 кафедраи тахассусӣ ташкил гардида, кафедраи умумидонишкадавии фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амал мекунад. Ҳамаи синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст аст.

Дар назди донишкада курсҳои омӯзиши чун забономӯзӣ ва омода намудани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Донишкада бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, филиали институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикитсон дар вилояти Суғд, муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Узбекистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE