Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд

Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ имрӯз дар Душанбе дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари Дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро дар маҳал тавассути барномаҳои ташаббусҳои сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки раванди рушд арзёбӣ карда, барои амалисозии он ҳавасмандии худро изҳор доштанд.

Соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид, ки дар он масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE