Маъракаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба қадри 94 фоиз ба анҷом расид

Шурӯъ аз якуми апрел иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 23 майи соли равон дар мамлакат 94 фоизро ташкил намуд. Дар ин бора имрӯз зимни суҳбати телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод.

Тавре зикр шуд, аз якуми апрел дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муваффақият ноил гардиданд.

«Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рўзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рўзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан ба 100% расониданд», — зикр намуд сухангӯи Вазорати мудофиа.

Миёни дигар минтақаҳои кишвар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол пешсаф буда, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват нақшаи пешбинишударо давоми ин муддат беш аз 93% иҷро намуданд.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки иҷрои нақша дар қаламрави ин вилоят 94 фоиз таъмин шудааст.

Даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 90 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бўстону Шаҳристон ва Кўҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Модар — Ватанро адо намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE