Иштироки маҷозии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими бунёди 2 неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон

2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.

Дар оғози маросими маҷозии татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, роҳбарияти олии ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар толори Қасри Президенти Узбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айни Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, мутахассисон ва муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок карданд.

Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯи-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE