Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд
Тибқи маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 13 декабр, соати 06:50 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар километри 14-уми ҷануби Душанбе ҷойгир будааст.
Шиддати зилзила дар пойтахти Тоҷикистон 3 баллро ташкил дод.
Талафоту хисорот дар ҳудуди мамлакат ба қайд гирифта нашудааст.