Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад

Имрӯз тибқи нақша муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Туркманистон баргузор гардад.

Ҳамчунин тибқи нақша, дар доираи сафар мулоқоти роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистону Туркманистон пешбинӣ шудааст. Дар рафти музокирот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба бо назардошти мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст, муфассал баррасӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки   вазири корҳои хориҷии Туркманистонро  намояндагони Бонки марказӣ, Вазорати маориф, Агентии нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар идораҳои давлатии Туркманистон ҳамроҳӣ менамоянд.

Сафари расмии  муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8-9- уми март пешбинӣ шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE