Чорабинии тарғиботӣ дар Боғи “Алишер Навоӣ” доир карда шуд

      Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар боғи Алишери Навоии шаҳри Душанбе аксия таҳти унвони “Тоҷикона мепушем” бо иштироки гулдухтарони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи омӯзории ба номи Хосият Махсумова ва шӯъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур  иштирок намуданд. Ин гуна чорабиниҳои тарғиботи ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ , аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ роҳандозӣ гардид.

Қурбоной Муқимова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE