Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан муовини Директори кулли «Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ» Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд

18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Директори кулли «Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ» Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти мошинсозӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ табодули андеша намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) яке аз корхонаҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи электромобили BYD Auto ва истеҳсолкунандаи батарея ва электроника BYD Electronic мебошад.

Фаъолияти ширкат ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, автобусҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти роҳҳои барқӣ, қатораҳои монорелсӣ, истеҳсоли ҷузъҳои мошин, батареяҳо ва батареяҳои офтобӣ, ҷузъҳои телефонҳои мобилӣ ва дигар электроника, инчунин хизматрасонии васлкунии таҷҳизот равона гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE