СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд

Таҳдиди пандемияи навро, ки аз COVID ҳам хеле хатарноктар аст, набояд нодида гирифт, чунин иқтибос оварда шуд суханони директори генералии созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус дар ассамблеяи солонаи СУТ дар Женева. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.

«Таҳдиди пайдоиши шакли дигар (COVID. – Тавзеҳи идора), ки метавонад ба хурӯҷи нави беморӣ ва марг оварда расонад, боқӣ мемонад. Ҳамчунин таҳдиди пайдоиши патогени нав бо иқтидори аз ин ҳам марговартар боқӣ мондааст», — баён дошт роҳбари СУТ.

Гебрейесус тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки дар оянда барои посухи дастҷамъона додан ба ин таҳдид омода бошанд.

Қаблан СУТ мақоми пандемияи глобалии COVID-19-ро, ки соли 2020 эълон шуда буд, бекор кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE