Дар Душанбе ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир гардид

6 июн ҷаласаи 16-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, татбиқи «реҷаи гармӣ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат дар самтҳои баёнгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.

Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии мамлакат  мусоидат менамоянд.

Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби Кумитаи ҳамоҳангсоз вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иқдомҳои минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE